Cалом ҷавонон!  Мо хоҳишмандем чизеро ки Шумо мебинед, мо ҳам бинем.

Бо мо аксҳоятонро рои кунед мо аз онҳо беҳтаринашро чоп мекунем. Агар шумо аксгириро (суратгириро) омӯзед ё фақат барои худатон аксгириро хоҳиш дошта бошед ё  ба шумо аксгирӣ маъқул бошад, корҳои худ, аксҳои гирифтаатонро ба мо нишон диҳед, то ки мо зиндагониатонро бо чашмҳои шумо бинем.

Мо хоҳиш дорем коллексияи суратҳоро ташкил кунем, ки намоиши зиндагии ноболигонро ба тамоми ҷаҳон нишон диҳем. Бо ин мо фарҳанги гуногун ва  атрофи шумо чи хел таъсир мекунад ки шумо калон мешавед мебинем. Мо ҳамин корро нав сар кардем  (мо аз Перу ва Тоҷикистон сахм доштем). Кӯтоҳ гӯем, ин конкурси аксбардорӣ мебошад.

 Дар мавриди бадаш – аксҳои шумо чоп карда намешаванд, аммо аксбардорони соҳибтахассус камбудиҳои аксҳоятон ва усулҳои беҳтар намудани онҳоро мегӯянд. Ин барои шумо дар оянда барои аксбардорӣ муфид мешавад. Баъд метавонед боз аз сари нав аксбардорӣ кунеду ба мо фиристонед. Ҳамин конкурсро аксбардорон ташкил кардаанд, то ки аксбардорони дигар тарзи аксбардории хубро ёд гиранд инчунин коллексияи аксҳо ташкил шавад. Максади лоиҳаи мазкур аз ҳамин иборат аст.

Дар мавриди беҳтарин – аксҳои шумо чоп карда мешаванд ва шумо баъд метавонед ба рафиқонатон нишон диҳед, ки чи хел аълодараҷа аксбардорӣ кардаед. Ман намедонам шумо чи фикр доред, ман барои ҳамин худам аксбардор шудам (ҳамчунин барои қобилияти аксбардорӣ доштанам). Аммо, асосаш агар имконият дошта бошед, дар бораи худ/дар бораи таърихи худ нақл кунед ки мо ягон тасавурот дошта бошем. 

Акнун қоидаҳои мо: синнатон бояд аз 19 сола калон набошад. Агар синни шумо аз 19 сола боло бошад ва матни моро то ин ҷо хонда бошед, барои сарф намудани вақтатон барои ин кор аз шумо узр мепурсем. Аммо, Шумо метавонед инро ба нафарони дигар фаҳмонед, то ки онҳо ба лоиҳаи мо ҳамроҳ шаванд ва аз он самара баранд.

Қоидаи дуюм ва аз ҳама асосӣ: ба мо он аксҳоеро фиристонед, ки ба шумо аз ҳама маъқул бошанд. Он аксҳоеро нафиристед, ки ба фикратон онҳо хубанд. Он аксҳоеро фирстонед, ки онҳо ба шумо чизеро нақл мекунанд, ба хотир меоранд, таърихианд. Мо мехоҳем он таърихеро хонем, ки он акс ба мо мегӯяд (барои чӣ ҳамин субъект дар ҳамин акс барои шумо муҳим аст). Барои ҳамин ҳам мо дар зер ҷой мондем, ки шумо як чанд ҷумла дар бораи он акс нависед. Масалан, акси ягон касе/портрете, ки ӯро нағз мегӯед, қабул мешавад, аммо акси шахсе, ки барои шумо ягон наздикӣ надорад ва бароятон аҳамияте надорад қабул намешавад. Аксе, ки барои шумо ягон аҳамияте надорад, барои мо ҳам ҳамчунин.

Акси фиристонидаатон фақат маҳсули кори шумо бошад, на маҳсули кори каси дигар. Он бигзор аз ҳама камтар 1000 пиксел дарозӣ ё бар дошта бошад; форматҳои JPEG йо ки JPG. Беҳтараш таҳрир накардагӣ бошад (хай мумкин камакак буридан ё равшании ранг коррексия шуда бошад). Акси чопшуда, филм ва ҳам акси худатонро нафиристед. Инчунин аз 10 акс зиёдтар бо як аппликатсия нафиристонед.

Номи ман  Тим

Номи Шумо

Почтаи электронии Шумо (ҳатмӣ)

Синну солатон (ҳатмӣ)

Аз кадом кишвар (ҳатмӣ)

Шарҳи акси фиритстода (ҳатмӣ)

Аксҳо (ҳатмӣ)

Ман ин қоидаҳоро қабул мекунам.